Муроҷиатҳо ба ВКД оид ба ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ Ховар/. Ба мақомоти милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия бо истифода аз бовариаш моҳи марти соли равон 33 ҳазору 600 доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо чунин мазмун муроҷиат намудааст, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур моҳи марти соли 2015 аз ӯ 99 ҳазору 375 сомонӣ гирифта, то инҷониб бо ҳар баҳона маблағи зикргардидаро бозпас намегардонад.
Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






