Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ» дар Хатлон
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ шурӯъ аз 17- майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа- Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Қубодиён ва Н. Хусрав мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» баргузор гардида, он дар шаҳру ноҳияҳои дигар идома дорад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» омӯзиш ва такмили фаъолияти боғҳои фарҳанг ва фароғат, баланд бардоштани нақши онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ҷумҳурӣ табдил додани боғҳо, рангин ва ғанӣ гардонидани фароғати мардум дар шароити нави иҷтимоии фарҳангӣ мебошад.
Боғҳои фарҳанг ва фароғатие, ки пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд, аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






