Мусодираи маводи нашъадор ва лавозимоти ҷангӣ аз қочоқчиёни афғон
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон аз дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» ва дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» аз қочоқчиёни афғон зиёда аз 14 кг маводи мухаддири навъи чарс, тақрибан 40 кг бангдона, 2 адад яроқи оташфишони АКС 74 бо 2 тирдон ва зиёда аз 50 дона тир дарёфт ва мусодира намуданд.
Ба иттилои сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, 15 июни соли равон дар дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» соати 23:40 ва дар дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёт байни гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 8 нафар, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ меоянд, ки дар натиҷа 2 нафар аз қочоқчиёни афғон захмдор шуда, боқимонда ба самти Афғонистон фирор мекунанд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






