Намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» рӯи саҳна гузошта шуд
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа намоишномаи наверо бо номи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» пешниҳоди дӯстдорони театр намуданд.
Аз маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар қабули намоишнома сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шӯрои бадеии худи театр ҳузур дошта, ба он баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки рӯи саҳна омадани намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» айни муддаост.
Аҳли эҷоди театр намоишномаро бахшида ба 75-солагии драматург ва адиби шинохтаи тоҷик Нур Табаров рӯи саҳна овардаанд.
Намоишномаи мазкур аз рӯи асари Нур Табаров дар таҳияи коргардони ҷавон Эраҷ Султонзода рӯи саҳна гузошта шуд.
Намоишномаи «Хӯса ё навҷӯӣ дар сангистон» басо ҷолибу пурмазмун буда, инсонҳоро ба некию накӯкорӣ, покизагию ростқавлӣ, адолатпешагӣ ва хештаншиносию ватандорӣ даъват мекунад,-зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






