Нашъаҷаллобон ҷазо гирифтанд
Душанбе.24.06.2016/АМИТ«Ховар»/. Ҷураев Далер Раҳмонқулович қаблан бо ҳукми Суд ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол маҳкум гардида, дар асоси таъйиноти Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соли 2004 ба муассисаи ислоҳии сукунат гузаронида шуда, соли 2006 бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз адои ҷазои боқимонда озод карда шудааст.
Далер Ҷураев мебоист баъди авф гардидани гуноҳаш ба хулосаи даркорӣ омада, роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекард. Аммо нияти дарёфти пули муфт ӯро оқибат ба даст задан ба ҷинояти навбатӣ водор сохта, дубора паси панҷараи маҳкама овард.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Ҷураев Далер Раҳмонқулович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои № 152, ҳуҷраи 24 бо айбдорӣ аз рӯи моддаҳои 200, қисми 3, бандҳои «в,г,д» ва 32, қисми 1, -289, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки номбурда бо мақсади даст задан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор пешакӣ бо Сироҷи Азамзод маслиҳат менамояд, ки бо воситаи фурӯ бурдани маводи нашъадори навъи героин онро аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия интиқол медиҳанд. Бо ин мақсад Д.Ҷураев бо Сироҷи Азамзод ҳуҷраеро дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ №174 иҷора гирифта, 15 январи соли 2011, тахминан соатҳои 20-00 маводи нашъадори навъи героинро ба ин ҷо оварда, қисмҳои ангуштони дастпӯшакҳои яккаратаи тиббиро бурида, 83 адад маводи нашъадори навъи героинро монанди ғилофакҳо тайёр мекунанд.
Ҳамон шаб, тахминан соатҳои 23-00 Сироҷи Азамзод 64 адад маводи нашъадори навъи героинро дар ғилофакҳо фурӯ мебарад. Саҳарии 16 январи соли 2011 Д.Ҷураев ба суроғаи мазкур омада, Сироҷи А-ро дар ҳолати беҳушӣ дида, ӯро ба беморхона бурда, худаш аз он ҷо ғайб мезанад. Табибон ҳангоми ҷарроҳӣ намудани Сироҷи А. аз дохили шикамаш 64 адад ғилофаки дохилашон маводи рангаш зардчатоб, дар намуди хока ва кулӯхчаҳоро ёфта гирифтанд, ки аз омехтаи воситаҳои нашъадори навъи героин иборат буда, вазни умумии онҳо 414 граммро ташкил дод. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳо Сироҷи А. боздошт гардида, дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз соли 2011 бо айбдорӣ аз рӯи моддаҳои 200, қисми 3, бандҳои «в,г» ва 32, қисми 1-289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 9 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидааст.
Нисбат ба Д.Ҷураев бинобар фирор карданаш кофтуков эълон гардид ва ӯ баъди 4 сол, 4 марти соли 2015 дар ҳудуди Федератсияи Русия дастгир мегардад.
Бо ҳукми Суд ба Ҷураев Далер Раҳмонқулович ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо 10 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






