«Нелегал-2016»: 47 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун шуданд

Июнь 9, 2016 10:12

 Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  285 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки нисбаташон  санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд, 47 нафар аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои судӣ берун карда шуданд.
Дар ин бора сардори шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Сафаралӣ Файзалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои ситоди миллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 31 майи соли равон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2016» баргузор гардид.
Мақсади чорабинӣ пешгирии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ буда ва ба ин васила ошкор намудани фаъолияти гурӯҳҳо ва ташкилоту корхонаҳое, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ машғул мебошанд, маҳсуб мешавад.
«Дар асоси мактуби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли равон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо номи шартии «Нелегал-2016» баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-пешгирикунандаи муштарак ва амалиёти махсус барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши якҷоя «Дар бораи омодагирӣ ва дар доираи СААД гузаронидани амалиёти фаврӣ- профилактикӣ ва амалиёти махсуси «Нелегал-2016» оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурўши одамон» ба имзо расонида шуд»,-иброз намуд С.Файзалиев.
Ҳангоми гузаронидани марҳилаи якуми ин амалиёт, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 15074 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳамзамон 10924 нафар дар хонаҳои истиқоматӣ, 1675 нафар дар объектҳои сохтмонӣ, 259 нафар дар нуқтаҳои савдо (бозорҳо, марказҳои савдо, тарабхонаҳо) ва 968 нафар дар ширкатҳо ба қайд гирифта шуданд.
«Дар марҳилаи якум нисбат ба 285 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд, мутобиқи талаботи моддаҳои 138, 470, 497 ва 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар ҳамин давраи соли 2015 нисбат ба 195 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда буд»,-илова намуд С. Файзалиев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, аз ин шумора нисбат ба 44 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош санадҳои маъмурӣ аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират тартиб дода шуданд. Аз шумораи 47 нафар берункардашудагон 6 нафари онҳо дар асоси маводи кормандони Хадамоти муҳоҷират бо қарорҳои судӣ аз қаламрави кишварамон берун карда шуданд.
Дар ҳамин давраи соли гузашта, аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират 36 санади маъмурӣ тартиб дода шуда буд, ки бо ҳалномаҳои судӣ 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои вайронкунии қоидаҳои будубош аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал-2016» оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурўши одамон анҷом ёфт.
Марҳилаи  дуюми амалиёт аз 19 сентябр то 7 октябри соли равон амалӣ карда хоҳад шуд.

Июнь 9, 2016 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!