Номҳои тоҷикӣ- зевари маънавиёти башар

Июнь 13, 2016 09:56

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Номи инсон! Ин он қадар кори оддӣ нест барои инсон ном интихоб кардан»-навиштааст Нависандаи халқии Доғистон Аҳмадхон Абӯ-Бақар дар ҳикояи худ «Ба одам ном мегузоранд».

25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон давраи эҳёи дубораи кишвари азизи мо, давраи бозгашт ба асолат ва маънавиёти миллии мост. Аз ин лиҳоз, мо –шаҳрвандони Тоҷикистон аз Истиқлолияти давлатиамон шукр мекунем. Аз он шукр мекунем, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат тавонистем ба ҳувияту асолати миллиамон даст ёбем. Эҳёи фарҳанги номгузории миллӣ яке аз чунин дастовардҳои назарраси мост.

Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Камол Насрулло чунин андеша дорад:

Тоҷикон  ҳамеша аз қадимулайём фарҳанги ҳазоронсолаи эътирофшудаи номгузории худро доштаанд ва дар тӯли таърих  ин фарҳанг узви қавиву  ҷудонопазири  фарҳанги номгузории башарӣ гардидааст.

Миллати тоҷик бо номҳои фарзандони фарзонаву шахсиятҳои оламшумул, нобиғагони илму адаби  оламгири худ фарҳанги дурахшони номгузории башарро ғанитар сохтааст. Тоҷикон дар тӯли таърихи  тамаддуни ҳазоронсолаи худ  на ин ки дар зери таъсири номгузории дигарон набуданд, балки,  бараъкс, фарҳанги номгузории тоҷикӣ ба фарҳанги номгузории дигар халқҳо таъсири мондагор гузоштааст, ки ин аз ғанӣ будану қадимият ва собиқадории фарҳанги номгузории мо шаҳодат медиҳад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон чандин далел овард. Аз ҷумла, пасвандҳои насабии –ён, -иён, -зода ва дигарҳо, ки аслу бунёдашон аз вожаҳои тоҷикист, имрӯз мо мебинем, таъсири мондагоре  ба фарҳанги номгузории дигарҳо, аз ҷумла халқҳои Қафқоз гузоштаанд. Масалан, пасванди насабии тоҷикии –ён дар номгузории арманӣ ба шакли – ян, масалан, Шаумян, Микоян, Аратунян, яъне Шаумиён, Микоиён, Аратуниён ва ғайра; ё пасванди тоҷикии –зода, дар номгузории гурҷиҳо ба шакли –дзе, масалан, Георгадзе, Шеварнадзе, Меладзе, яъне Георгзода, Шеварнзода, Мелодзода  ва ғайра омадааст, ки ҳам далели қаробату робитаҳои қадимии фарҳангиву инсонӣ ва ҳам далели қадимӣ будану ба ҳамдигар таъсир гузоштани ин забонҳо ва ин халқҳост.

Ин, ки дар давоми 70 соли Ҳукумати Шӯравӣ ба ҳукми қонунҳои номнависии шӯравӣ номҳои тоҷикӣ пасвандҳои насабии –ов, -ёв, -евич-и русӣ гирифтанд, низ ҳукми таърих ва тақозои замон буд. Ҳарчанд халқҳои қавимояе, мисли ҳамон арманиву гурҷӣ ва литвониву латиш ба номгузории миллии худ бештар содиқ монданд ва номашон тағйир наёфт. Аммо сабаби асосие, ки таъсиргузори ин зуҳурот, яъне қабули пасвандҳои насаби русӣ дар номгузории мо шудааст, ин аст, ки мо тоҷикон алифбои худамонро ба алифбои кириллӣ иваз намудем, аммо арманиҳову гурҷиҳо бо алифбои зотии худ монданд. Бо вуҷуди ин,  аксари адибону равшанфикрони  мо, вақте эҷодиёташонро интишор медоданд, тарзи милливу анъанавии тоҷикии номгузориро ба худ раво дидаанд. Мисли: Мирзо Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Файзулло Ансорӣ, Муҳиддин Фарҳат ва ғайра.

Имрӯз, агар баъзе бародарони рус даъво доранд, ки мо, тоҷикон, набояд аз пасвандҳои русӣ рӯ гардонем, ин аз муҳаббату  дилбастагии бародаронаи онҳо ба мо сарчашма мегирад, ки намехоҳанд дар ин фарҳанги муштарак мо аз онҳо ҷудо бошем, зеро воқеан ин пасвандҳои насабӣ ва тарзи истифодаи онҳо на фақат мо, тоҷикон, балки аксари халқҳои гуногунмиллати шӯравиро ба ҳам пайваста буд.

ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРӢ. Ном мисли одоб, мисли суннати миллӣ ва либоси миллӣ ифодагари симои маънавии  як халқ аст. Метавон симои як халқ, як миллатро аз номаш шинохт. Масалан, гурҷиҳо бо истифодаи пасвандҳои насабӣ–дзе, -швилӣ ва ғайра  тарзи хоси номгузории худро доранд. Танҳо шунидани номи онҳо кофист, ки донем, соҳиби ном ба кадом миллат мансуб аст. Ҳамчунин номгузориҳои арабӣ, чинӣ, литвониву латишиву эстонӣ ва ғайра бо хусусиятҳои хоси худ  насаби шахсияти миллиашонро муаррифӣ мекунанд. Танҳо аз рӯи ном шинохтани шахсияти миллӣ нишони ҳувияти баланди он миллат аст. Яъне, бунёди қавии номгузории миллӣ нишони ҳувияти мустаҳками миллии як халқ аст. Ва ҳеҷ кас наметавонад садди роҳи устувор ва барқарор гардидани ҳувияти миллии як халқи озод гардад.

Дар мавриди миллати тоҷик, ки дар давраи 70 соли  Ҳукумати Шӯравӣ аёну ноаён тарзи номгузории русиро бар ӯ таҳмил карда буданд, ин мавзӯъ бештар ҳассосу дардноку нангин аст, зеро ба эҳсосоту ғурури миллии тоҷикон бармехӯрад. Шояд боз ҳамон содагӣ, зудбоварӣ, хайрхоҳиву инсондӯстии зотии тоҷикии мо сабаб шуда бошад, ки нисбат ба мардуми дигар, масалан гурҷиву арманиву латишҳо мо дар он замони инқилобӣ  камтар аз номгузории миллии худ дифоъ кардем.

Банда гумон мекунам, ки ном барои инсон, хусусан мардуми тоҷик на фақат ном, балки бештар аз он аст. Ном, вақте гузошта мешавад,  пеш аз ҳама, симои инсон, маънавиёту мазмуну марому моҳияти ӯро ифода мекунад. Ба гумони банда, номи инсон аз боло  меояд ва ин ба ҳукми Худованд аст, ки ӯ чӣ ном хоҳад гирифт, новобаста ба он, ки ин номро кӣ ва ба чӣ амре мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар инсон дар тӯли умр монанд ва мувофиқ ба номе мешавад, ки ба ӯ гузоштаанд. Агар бовар надоред, метавонед дар мисоли номҳои шахсоне, ки мешиносед, инро мушоҳида кунед. Шояд беш аз 90 фоиз номҳое, ки гузошта шудаанд, ба мазмуну марому рафтори соҳибонашон мувофиқат мекунанд. Масалан, як нафар Абдулҳамид ном дорад ва мебинед, ки ӯ дар зиндагӣ воқеан инсони неку ҳамида аст. Як нафар Давлат ном дорад ва чун нек менигаред, инсони ба давлат аст, файзе дорад. Як нафар Низом ном дорад ва мебинед, воқеан корҳояш ба низоманд. Метавон ин номгӯро давом дод. Албатта, одамӣ бе айбу бе камбудӣ нест, аммо дар маҷмӯъ   ҳар инсон  таҷассуми маънои номи хеш аст.

Дуюм, ном эътибор, шараф ва номуси инсон аст. Аз ин рӯ ҳар инсон бояд номи худро покиза нигаҳ дорад, нагузорад, ки ба он гарди маломату носипосӣ ва бадӣ бирезад. Онро чун шарафи худ муқаддас дорад, доғдор накунад.

Сеюм, ном як нишонии инсон аст. Агар худаш нест, номаш  метавонад ӯро муаррифӣ кунад, ҳатто солиёни дароз, ҳатто баъд аз маргаш. Аз ин рӯ ҳар инсон барои ном кардани номи худ ё мондагор кардани он бояд як умр бикӯшад.

Чаҳорум, ном барои инсон мисли парчам барои миллатест, ки то куҷо афрохта шудани он  ба ӯ вобастагӣ дорад. Ва ҳар инсон бояд номи худро чун парчами шарафи худ баланду дурахшону тозаву бегазанд  ва бе осеб нигаҳ дорад. Намонад, ки  он доғдор ё сарнагун гардад.

БОЗГАШТ БА АСОЛАТ. Тағйиру иловаҳое, ки 15-уми марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ворид карда шуданд, мутобиқ ба санадҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд. Дар қабули ин тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, манфиати меъёрҳои миллӣ, фарҳанги номгузории миллӣ, на фақат барои  равшану муайяну намоён сохтани симои миллӣ, балки барои шинохти ин симо дар саҳнаҳои рӯзгори байналмилалӣ аз ҷониби мардуми дигари ҷаҳон низ аҳамият дода шудааст. Саҳнаҳои зиндагии инсонҳо дар ҷаҳони имрӯза  бо ҳамин дурахши рангоранги симоҳои миллии ҳар халқу ҳар миллат зебост. Наметавон ба намояндаи як миллати дигар, фарз кардем як ҷопонӣ либоси ягон миллати дигар, фарз кардем шотландиро пӯшонида, ӯро шотландӣ эълон кард. Ин хандаовар  аст. Ҳар зуҳуроти табиат, ҳар гул, ҳар дарахт, ҳар гиёҳ бо ҳамон рангу намуде зебост, ки Худо онро офаридааст ва аз ҷумла ҳар  миллат ҳам бо фарҳангу одобу маънавиёти худ, аз ҷумла, ному либоси миллии хоси худ зебост.

Ва ин, ки дар баъзе кишварҳо (Исландия) барои гузоштани номи ғайримаъмулӣ, ки хоси он миллат нест, боҷи давлатӣ ситонида мешавад, як зуҳуроти табиист. Ин, ки дар Дания рӯйхати 7 ҳазор номҳои иҷозатдодашуда амал мекунад ё дар Исландия аз рӯи феҳристи  муайян   ба кӯдакон ном гузошта мешавад, гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумати ин кишварҳо, қонунгузории онҳо барои ҳимояи фарҳанги номгузории худ ҳозиранд ҳама чораҳоро бубинанд, зеро ин фарҳанг воқеан симои миллии он миллатро муайян мекунад. Дар Португалия аслан гузоштани номҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби қонун манъ шудааст. Бубинед, ҳадаф чист? Ҳадаф ҳимояи истиқлолият, ҳувияти номгузории миллӣ ва тоза нигоҳ доштани симои фарҳанги миллист.

Дар бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон низ қонунгузорӣ ба гузоштани номҳои номуносиб ба кӯдакон иҷозат намедиҳад: аз ҷумла, номҳое, ки нороҳатии шахсро ба вуҷуд меоранд (Шветсия) ё ба шахс уқубати рӯҳӣ мебахшанд (Олмон). Ҳамчунин дар бисёр кишварҳо ба инсон гузоштани  номи ашё, амвол ё ба назар нагирифтани ҷинсият (Олмон) дар номгузорӣ манъ аст.

Тағйиру иловаҳое, ки дар фарҳанги номгузории мо ба амал бароварда мешаванд, танҳо нисбат ба кӯдакони навзод татбиқ мешаванд. Калонсолон дар қабули ин тағйирот ва амалӣ намудани онҳо барои шахси худашон озод ва соҳибихтиёранд. Ин тағйирот дар қонун ба кӯдакон гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷик бегона, гузоштани номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо мекунанд, манъ мекунад.

Мутобиқи модаи 20-и қонуни номбурда, насаби шахс мутобиқ ба анъанаҳои милии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насабии ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози

-ҳ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз шакл гирад.Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад.

Насаби  кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо номи падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад.

Агар аз як ҷиҳат ҳадафи ин қонун ва тағйиру иловаҳо дар он ба тартибу танзими муайян ва мувофиқ ба қонуну меъёрҳои умумиинсонӣ даровардани тартибу низоми номгузории миллии мо бошад, аз ҷиҳати дигар, ин иқдоми саривақтӣ ва шоистаест дар ҳимояи фарҳанги суннатии номгузории миллиамон ва бозгашти бамаврид ба асолати миллӣ ва фарҳанги шоистаи номгузории тоҷикӣ.

Имрӯз мардуми мо бо шоистагӣ ва эҳсоси баланди милливу ватандӯстӣ бояд аз ин иқдоми давлату Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ кунанд, зеро воқеан ин қонун ба ҳимояи на фақат фарҳанги номгузорӣ, балки шарафи миллии мост.

Аслан номгузории тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи алоҳида ва шоистаест, зеро дар ҷаҳон шояд кам миллату халқеро метавон мисол овард, ки ин қадар фарҳанги зебову ғаниву дурахшони номгузорӣ дошта бошад. Воқеан, чунон ки боре банда зикр карда будам, кам халқеро метавон ёфт, ки аз ҷиҳати теъдоди ном, мазмуннокӣ, оҳангнокии талаффуз, рангорангии мазмуну орзуву ормонҳо ин қадар ғанӣ бошад, чунон ки забони тоҷикии мост. Номҳои тоҷикӣ ҳама маънову ҳадафи баланде доранд, онҳо тасвирноку бадеиянд, шоиронаву зебо садо медиҳанд. Дар номҳои тоҷикӣ армону умеди инсонҳо, ҳадафҳои неку хайрхоҳонаву инсонпарваронаашон баён ёфтаанд.

Номҳои мардона рамзи шуҷоат, мардонагӣ, некманишӣ,  ҳадафҳои неки башардӯстонаанд. Номҳои занона таҷассуми зебоиву шукуфтанҳо, латофату назокат, ҷилои самимият ва умедҳоянд. Дар онҳо сафо, некӣ, таровати беҳтарин андешаву орзуҳо ҷавлон мезананд.

Хулоса, номҳои тоҷикӣ фарҳанги баланди башардӯстонаи миллати моро таҷассум мекунанд ва тӯли ҳазорҳо сол ин фарҳанг мавқеи шоиставу дурахшони оламшумул ёфтааст. Имрӯз ҳимоя аз ин фарҳанг, пуштибонӣ аз он, бозгашт ба асолати миллии мо вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Ин, ки  бозгашт ба асолати фарҳанги номгузории мо метавонад ба иззати нафси касе расад, андешаи бебунёд ва хандаовар аст. Баръакс, зебоиву шукӯҳу  шоистагиҳои фарҳанги миллии мо, аз ҷумла номгузории онро ҷаҳониён эътироф кардаанду пазируфтаанд. Ва эътироф шудааст, ки зебоиҳо, хусусиятҳои шоиставу хоси фарҳанги тоҷикӣ ва ҳузури он дар паҳнои фарҳанги умумибашарӣ ҳусни тозаву ҷилои хосае ба фарҳанги башарӣ мебахшад. Хусусан номҳои зебои тоҷикӣ зевари маънавиёти бузурги башаранд.

 

Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон

 

Дусияи АМИТ «Ховар»:

Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент (зодгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) ба дунё омадааст.

Соли 1971 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Дар вазифаҳои муҳаррири Радиои Тоҷикистон, ходими адабии маҷаллаҳои «Машъал», «Садои Шарқ», раиси Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Чашма», муовини раиси  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло ба ҳайси ходими адабии АМИТ «Ховар» фаъолият дорад.

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои   «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба офтоб» (1988), «То даме лонаҳо гарманд» (1993),  «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаҳои фарёд» (2011), «Ман ту ҳастам, Тоҷикистон» (2011) ва «Ашки сапеда» (2011) мебошад.

Асарҳояш ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудаанд. Ду китобаш дар Маскав ба забони русӣ ва ду китобаш дар Теҳрон ба форсӣ ба табъ расидаанд.

Камол Насрулло  Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ҷоизаи Комсомои ленинии Тоҷикистон мебошад.

Июнь 13, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад