Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад

Март 8, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб таҷлил мегардад.

Сарвари мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа чунин иброз намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст».

Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад.

Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад