Ғолиби озмуни «Фармасевти беҳтарини сол» муайян шуд

Июнь 22, 2016 11:25

Хоруғ, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 19-солагии ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои намояндагии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии ВМКБ озмуни вилояти баргузор шуд, ки дар он мудирону фурӯшандагони дорухонаҳо ва дорусозони  шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Сардори намояндагии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии дар ВМКБ Зӯҳро Олимшоева гуфт, ки бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта хадамоти мо соҳиби бинои дуошёнаи замонавӣ ва озмоишгоҳ бо таҷҳизоту маводи муосири кимиёвӣ шуд. Акнун мо имкон дорем на танҳо худамон аз гиёҳои шифобахши маҳаллӣ баъзе доруҳоро истеҳсол намоем, балки сифату кайфияти доруҳои воридшударо муайян кунем. Дар гузаштаи начандон дур нафароне, ки дар бораи  соҳаи фармасевтӣ ҳатто маълумоти  ибтидоӣ надоштанд, ба хариду фурӯши дору машғул буданд. Баъди таъсис ёфтани Хадамоти давлатии фармасевтӣ ин соҳа ба чаҳорчӯби муайян ворид шуд ва акнун хеле кам иттифоқ меафтад, ки  доруҳои пастсифат ба бозор роҳ ёбанд. Аксарияти  кормандони дорухонаҳо соҳиби маълумоти олӣ ва дорои иҷозатномаи махсус мебошанд.
Яке аз иштирокдорони ин озмун Мираввал Саидназаров, ки соҳиби маълумоти олӣ аст ва бештар аз 40 сол дар соҳаи фармасевтӣ фаъолият дорад, ғолиби озмуни «Беҳтарин фармасевт» шуд ва ба  озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Июнь 22, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад