Ғолибони мусобиқаи наврасон оид ба теннис бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 11-12 июн дар майдонҳои тенниси Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи наврасон оид ба теннис бахшида ба Рӯзи олимпӣ баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа, ки ташкилкунандагони он Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Мактаби варзишии бачагону наврасони вилояти Суғд буданд, ҳудуди 30 нафар теннисбозони наврас ширкат доштанд.
«Ин мусобиқа ҳамчун мусобиқаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпии наврасон- Буэнос-Айрес-2018 дар доираи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ баргузор шуд», — иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, мудири шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарони то 10-сола Павел Сафин ғолиб шуд. Сӯҳроб Ризоқулов ҷойи дувум ва Худоназар Ниёзов ҷойи севумро соҳиб гаштанд.
Дар байни писарони аз 10-сола боло Мараматшо Аёнбеков ҷойи аввалро аз они худ кард. Алишер Шоимардов дар ҷойи дуюм ва Фирдавс Қосимов дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Дар мусобиқаи духтарон Комила Урунбоева пирӯз шуд. Меҳронахон Баҳодурхоҷаева ҷойи дуюм ва Фариза Баҳодурхоҷаева ҷойи сеюмро соҳибӣ карданд.
Дар рақобатҳои ҷуфти писарона Мараматшо Аёнбеков/Алишер Шоимардов ғолиб гардиданд. Мирзо Муъминов/Комрон Саидмуродов ҷойи дуюм ва Фирдавс Қосимов/Фирдавс Алиев ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибон ҷому медалҳои тилло, ифтихорнома ва либоси варзишӣ супурда шуданд. Теннисбозоне, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, мутаносибан бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ, ифтихорнома ва либоси варзишӣ мукофотонида шуданд. Ба ҳамаи ширкткунандагони мусобиқа либоси варзишӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






