Омӯзиши таҷрибаҳои беҳтарини муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ҳайати намояндагони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ, намояндагони САҲА ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар мавзӯи «Пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои кор дар бахши гузаронидани тафтишот дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», барои мутахассисони Департаменти назорати молиявии БМТ, мақомоти судӣ, прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари таълимӣ баргузор намуд.
Дар семинар коршиносони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҳқиқоти амалии молиявӣ мисолҳо оварда, барои дар амалия истифода бурдан усулҳои мушаххас ва муассир пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ иштирокдорон аз баргузории семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омӯзиши таҳқиқи ҷиноятҳои молиявӣ бо истифода аз усул ва технологияи муосир ба манфиати кор буда, таҷрибаҳои андӯхта дар амалия ҳатман татбиқ хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






