Омӯзиши таърихи ниёгон

Июнь 27, 2016 10:10

Деваштич, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳияи Деваштич ҳамоиши омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Абдуманнон Баҳронов дар бораи тақвияти худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, арзишҳои ватандорӣ, таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст.  Истиқлолият- ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият- ин хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст. Ин гуфтаҳо маҳз дар китоби Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» таҳким ёфта, дар натиҷаи омӯзиши он ҳар як сокини мамлакат дар фикру дили худ эҳсоси ифтихори ватандориву хештаншиносиро пайдо мекунад.

Июнь 27, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст