Омодагии шаҳрвандони тоҷик ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Новосибирск

Июнь 4, 2016 09:22

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамватанони дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия будаамон барои дар сатҳи баланд  гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд. Таҷлили ин ҷашнҳо аз дарки баланди худшиносиву ватандӯстии ҳамватанонамон дар шаҳри Новосибирск ва минтақаи Сибир дарак медиҳанд,- иброз дошт зимни суҳбат раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикон бо номи «Дӯстӣ»-и вилояти Новосибирск Сияршо Абдуҷабборов.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки мо бо аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон ва соҳибкорони муваффақи тоҷик тасмим гирифтем бахшида ба ин ду ҷашни бузург дар  моҳи июл мусобиқаи калони гӯштингириро бо ширкати васеи паҳлавонони  Русия ва Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор намоем, зеро гӯштин яке аз намудҳои  варзиши асосиву дӯстдоштаи мардуми мо ба ҳисоб рафта, рамзи сарбаландиву самимият ва  муттаҳидиву ҷавонмардии мардуми тоҷик мебошад.

Дар назар аст, ки овозхонҳои машҳури саҳнаи тоҷик дар базми идона ширкат варзида, бо суруду таронаҳои ватандӯстонаву марғуб хотири ҳазорҳо ҳамватанонро шод намоянд.

Садбарг Боқиева;-Новосибирск.

Июнь 4, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад