Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ

Июнь 25, 2016 09:45

Душанбе, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Суди конститутсионии мамлакат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон, мутахассисони мақомоти давлатӣ ва намояндагони судҳои гуногун дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоҳназаров,  директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода,  директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхони Одина иштирок намуда, зимни маърӯзаҳои худ дастовардҳои назарраси соҳаи ҳуқуқ ва ҳокимияти судиро дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҳозирин баён карданд.

Иштирокдорони маҳфил аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷашни бузурги миллати тоҷик  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро таъкид карда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, устувор намудани пояҳои давлатдории нави тоҷикон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ беназиру таърихӣ баҳогузорӣ карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки маҳз бо шарофати ақлу заковат, хиради азалӣ, ватандӯстӣ ва ҷасорату ҷоннисорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ вазифаҳои муҳими марҳалаи аввали соҳибистиқлолии Ватанро муайян намуда, бо талошу кӯшишҳои бевосита ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад ва мамлакатро ба Ваҳдати миллӣ расонад. Дар марҳилаи дигар эътибори байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва сатҳи некӯаҳволии сокинон ба маротиб боло рафт.

Маҳмад Раҳимзода — директори Маркази миллии қонунгузорӣ зимни маърӯзаи худ изҳор намуд, ки Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ қонунҳо арзишҳои миллиро ифода карда, рисолату моҳияти онҳо ба рушди давлатдории миллӣ, инкишофи иқтисодиёти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва якпорчагии давлат равона шуданд.

Хотиррасон бояд шуд, ки имсол дар саросари мамлакат 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо шаҳомати хоса ва ифтихори шоиста аз Ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Июнь 25, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд