Ҷопон ва ЮНИСЕФ барои беш аз 1 млн кӯдак вояву доруворӣ тақдим намуданд

Июнь 8, 2016 16:11

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳукумати Ҷопон ва намояндагии ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як миқдор вояву дорувории  зарурӣ тақдим намуданд.  Маросими супоридани доруворӣ дар МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, намояндаи ЮНИСЕФ Лючия Элми, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Навруз Ҷаъфаров ва дигар намояндагони соҳаи тандурустӣ  баргузор гардид.
Доруворӣ ва вояҳои тақдимшуда имкон медиҳанд, ки фавти кӯдакони навзод ва кӯдакони то 6- сола кам шавад.  Бино ба иттилои муовини вазири тандурустӣ,  маводи тақдимшуда аз занҷираи хунукинигоҳдоранда, вояҳои зидди сурхча, сурхакон, БСЖ ва гепатити В, маҳлулҳои регидрон ва синк барои пешгирии бемории дарунрав барои беш аз 1 миллион кӯдак иборатанд. «9 марти соли равон  Ҳукумати Ҷопон ба миқдори беш аз 5 миллион доллари ИМА  барои расонидани кумакҳои техникию   башардӯстона,  харидории воя  барои пешбурди ҳамгироии бемориҳои кӯдакона то соли 2020 маблағ ҷудо намуд»,-илова намуд Н.Ҷаъфаров.
Зикр гардид, ки маводи доруворӣ дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва идоракунии бемориҳои кӯдакона», ки дар асоси созишномаии байни ҳукумати Ҷопон,  ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.
Такаши Камада баён дошт, ки  яке аз самтҳои ҳамкории ҳукуматҳои Ҷопон ва Тоҷикистон- ин тақдими воя ва доруворӣ мебошад.
«Дар давоми 10 соли охир Ҷопон дуюмин кишваре мебошад, ки ба Тоҷикистон вояи бештарро пешниҳод мекунад.  Ҳадафи ин иқдомҳо, албатта, коҳиш додани сатҳи фавт ва бемории кӯдакон мебошад»,-илова намуд Такаши Камада.
Намояндагони Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ инчунин аз ҷараёни эмкунии кӯдакон дар МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» дидан намуданд.
Бино ба гуфтаи ҳамшираи шафқати марказ, онҳо дар як рӯз 18-20 кӯдакро эм мекунанд.

Июнь 8, 2016 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад