Озмуни «Андалеб-2016» дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид

Июнь 3, 2016 15:33

Хуҷанд,  03.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бо баргузор намудани чорабинии калони фарҳангӣ ҷамъбаст гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ фарҳангиёни шаҳр дар саҳни театр намоиши ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла намоиши нигораҳои осорохонаи шахсии шаҳрванд Нозимҷон Усмоновро ташкил карданд, ки аз онҳо раиси шаҳр Шариф Шарифзода ва ҳамроҳонаш дидан карда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо намоиши ҳунарҳои халқӣ Шариф Шарифзода гуфт, ки мардуми сарбаланди Хуҷанд ҳанӯз фарҳанги ниёгон ва расму суннатҳои қадимии хешро фаромӯш накардаанд ва бобати ҳифз ва сайқал додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ва дар ин робита итминон дорам, ки аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявии озмун низ бо маҳорати баланд баромад карда, мақоми арзандаро соҳиб хоҳанд шуд.
Сипас, дар қисми тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳр ба ғолибони озмун Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд.
Тибқи хулосаи ҳакамон дар озмуни шаҳрӣ ҷойи аввалро Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ишғол карда, соҳиби Сипосномаи раиси шаҳр ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ гардид.
Ҷойи дуюмро донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд соҳиб шуда, бо Сипосномаи раиси шаҳр ва мукофоти пулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз шуданд.
Ҷойи сеюмро донишҷӯёни ДДҲБСТ ишғол карда, соҳиби Сипосномаи раиси шаҳр ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Коллеҷи омӯзгории ин донишгоҳ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо сипосномаҳои раиси шаҳр сарфароз гардиданд.

Июнь 3, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд