Озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Июнь 28, 2016 09:03

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб» Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 сентябр озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои  соли 2015 баргузор менамояд.
Мақсади асосии озмун баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Тибқи талаботи озмун ҳуҷҷатҳо аз 25 июн то 20 августи соли 2016 аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун қабул карда мешавад.
Иштирокдорони озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда баҳогузорӣ карда мешаванд.
Озмун аз рӯи се номгӯй- «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот дипломҳо, ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешаванд.
Натиҷаи озмун 4 сентябр дар «Рӯзи китоб» дар шаҳри Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.

Июнь 28, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад