Пӯшидани либоси рахдор дар бозии футбол манъ аст

Июнь 3, 2016 14:56

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Премйер-лигаи Англия истифодаи  либоси аз тахтапушт рахдорро, ки ному насаб ва рақами бозингар дар он навишта шудааст,  ҳангоми бозиҳои Премйер-лига манъ кард.
Тавре нашрияи «Footyheadlines» хабар медиҳад, тибқи қоидаи Иттиҳоди футболи Аврупо пӯшидани чунин либосҳои рахдор дар мусобиқот манъ шуда буд ва акнун он дар Премйер-лигаи Англия низ ҷорӣ мешавад. Сабаби асосии ба ин масъала рӯй овардани дастандаркорони Премйер- лига аз он хотир аст, ки доварон ва мухлисон тавонанд аз масофаи дур футболбозонро муайян кунанд, ки ӯ кист. Ин барои шореҳони варзиш низ муфид аст.
Ба ҳамин тартиб, аз рӯи қоидаи нав як қатор клубҳои футболи Англия, аз ҷумла «Сандерленд», «Саутгемптон», «Халл Сити», «Борнмут» ва «Вест Бромвич» маҷбуранд, ки либосҳои худро ба қоидаи нав мутобиқ гардонанд.

Июнь 3, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад