Пешвои миллат: «Фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфтааст»
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи демографӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маориф ва тандурустӣ пайваста дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба воситаи сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ислоҳоти зарурӣ вазъи ин соҳаҳо хеле беҳтар гардид. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар пойтахти кишвар доир гардид, зикр намуд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш ёфтааст.
Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафта, нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






