Пешвои миллат: «Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд»
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҷумла изҳор дошт: «Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, азми роҳбарияти мамлакат дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсонӣ қавӣ ва ояндадор мебошад». Зикр гардид, дар заминаи ҳамин тадбирҳои амалишуда сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуда, буҷети солонаи давлатӣ аз 1,8 то 15,7 миллиард сомонӣ ё қариб 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҷаласа «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода муаррифӣ гардид.
Аз ҷониби шарикони рушд нахуст муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, директори Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон Кристин Лаабс, ҳамоҳангсози СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф баромад карданд.
Шарикони рушд аз тадбирҳои то ин давра амалӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии хешро барои иштирок дар тадбиқи амалии ҳадафҳои рушдтаъминкунандаи Тоҷикистон таъкид намуданд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






