«Пешвои миллат, ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ», «Тоҷикистон узви шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид», «Душанбе ба ҳамоиши сатҳи баланд омода аст» — шарҳи матбуот

Июнь 23, 2016 15:33

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигаҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем» – бо ҳамин суханони Пешвои миллат дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (18.06.2016 №117-118) дастраси хонандагон гардид. Ҳамчунин дар ҳамин шумораи нашрия мақолаи Ф.Раҳимӣ «Пешвои миллат, ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллӣ», андешаҳои С.Собиров бо сарлавҳаи «Осоиш ва амнияти ҷамъиятӣ», хабарҳо дар хусуси шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмонҳо, боздиди Азим Иброҳим аз ВМКБ ва саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» чоп шудаанд. Дар шумораи рӯзи душанбе нашршудаи «Ҷумҳурият» (20.06.2016 № 119) суханони фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Вотел дарҷ гардидааст, ки зимни сафараш ба Душанбе гуфта буд: «Истиқлолият ин дастоварди бузург ва бебаҳост. Чун ташрифи ман ба арафаи таҷлили ин ҷашни бузург рост омад, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро аз номи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин дастоварди бузург табрик мегӯям ва аз он ҳамкорие, ки бо шумо дар тӯли 25 соли охир дорем, ифтихор мекунем».

«Ҷумҳурият» (21.06.2016 № 120) ба хонандагон матни суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи мазкур «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» муаррифӣ гардид. Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои давлатӣ супориш дод, ки дар заминаи афзалиятҳои рушди дарозмуддат барои давраи то соли 2030 ва миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 ҳамкории судманд бо соҳибкорони ватанӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ монда шуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои муайянгардида аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода карда шавад.

Дар шумораи рӯзи чоршанбе нашршудаи «Ҷумҳурият» (22.06.2016 №121) маросими бо иштироки Сарвари мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супоридани маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдову хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, бинои истиқоматии 12 ошёна дар маҳаллаи Зарафшон, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Донояк» ва маркази тиҷоратии «Душанбе-Мол» дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт инъикос гардида, хабарҳо аз ҷараёни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, фароғати мактабиён дар лагерҳои тобистона, дастовардҳои олимон дар бахши кишоварзӣ, эҳтимоли сар задани гуруснагӣ дар сайёра баъд аз даҳ сол ва ғ. нашр шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи рӯзи шанбе нашршуда (18.06.2016, №78) ҷараёни муҳокимаи парлумониро  оид ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» муфассал нашр карда, фикру мулоҳизаҳои намояндагони мардумиро пешкаши хонандагон намудааст. «Кодекси меҳнат дар таҳрири нав қабул шуд», «Тоҷикистон узви шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид», «Душанбе ба ҳамоиши сатҳи баланд омода аст» – чунинанд матлабҳое, ки дар шумораи навбатии «Садои мардум» аз 21 июни соли 2016 нашр шудаанд. Дар ҳамин шумораи нашрия аз баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Ш.Зуҳуров хабар чоп шудааст.

Шумораи имрӯзаи «Садои мардум» (№ 80, 23.06.2016) ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос намуда, матни суханронии Сарвари давлатро дар ҷаласаи мазкур интишор кардааст. Дар хабари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров бо намояндагони парлумони Эстония, ки 21 июни соли равон баргузор шуда буд, омадааст, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, муҳим будани нақши транзитии Эстония, аз ҷумла бандарҳои обии онро таъкид карданд.

Июнь 23, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд