Поку беолоиш нигоҳ доштани забон вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё — Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.
Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд. Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.
Дар ин бора зимни суханронии худ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯриҳое, ки дирӯз дар муассисаҳои таълимии № 100 ноҳияи Шоҳмансур, № 56 ноҳияи Сино ва гимназияи таълимии № 53 Исмоили Сомонӣ доир гардиданд, ибрози назар намуд.
Вохӯриҳои судманд бо мақсади назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар мавриди таҳияи адабиёти таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаю фаъол ва намояндагони кумитаи падару модарони ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.
Омӯзгорони муассисаҳои мазкур дар бораи забон, меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ҳамчунин меъёрҳои истилоҳнигорӣ ва вазъи имрӯзаи истилоҳот дар китобҳои таълимӣ сухан гуфта, аз нодуруст истифода шудани ибораву ифодаҳои забони тоҷикӣ дар китобҳои дарсӣ мисолҳои зиёде оварданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки омӯзгорон яке аз таблиғгарони калидии забони давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва онҳо метавонанд дар рушду густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми босазо гузоранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






