Р.Содиқов: Бистарӣ кардани боз 40 хонандаи мактаби ноҳияи Ш.Шоҳин дурӯғ ва иғвои холист
Душанбе, 02.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе сомонаҳои мустақил дар робита ба ҳодисаи рӯзи 27 май, ки дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ш.Шоҳин рух дода буд, дар мавриди муроҷиати боз 40 хонандаи дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба марказҳои табобатӣ хабарҳои нав нашр гардидаанд. Барои муайян намудани асли воқеа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутасаддиёни ин ҳодиса ҳамсуҳбат гардид. Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ш.Шоҳин Розиқ Содиқов дар беморхонаҳои ноҳия ягон хонандаи мактаби зарардида бистарӣ нестанд.
«Ҳамаи кӯдакони рӯзи 27 май бо дарди сар ба беморхона овардашуда, худи ҳамон рӯз тамоми ташхисро гузашта, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда буданд. Танҳо чор кӯдаке, ки бемории чоғар доштанд, то саҳар таҳти назорати духтурон буданд.»,-илова намуд Розиқ Содиқов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб мутасаддиёни мактаб аз рӯи эҳтиёт ҳамаи хонандагонро аз ташхис гузарониданд.
« Субҳи имрӯз ман аз мактаби номбурда дидан намудам, вазъи саломатии ҳамаи хонандагон хуб аст. Барои эҳтиёт дар айни замон дар ҳамаи синфҳо корҳои тозакунӣ идома доранд. Дарсҳо дар саҳни мактаб, ки қариб 60 сотих буда, дарахтони зиёд дорад, дар ҳавои тоза гузашта истодаанд»,-илова намуд Розиқ Содиқов.
Дар мавриди қазияи рӯзи 27 май мусоҳиб мегӯяд, ки хонандагони басти аввал ягон шикоят надоштанд, танҳо хонандагони басти дуввум бо дарди сар ва дилбеҳазурӣ ба беморхона бурда шуданд.
« Як рӯз пеш кормандони беҳдоштӣ ва безараркунӣ дар синфхонаҳо корҳои беҳдоштӣ гузаронида буданд ва пас аз нисфирӯзӣ, ки аз сабаби гарм шудани ҳаво он ба хонандагон таъсир расонидааст. Чунин корҳои беҳдоштӣ ҳар моҳ дар мактаб гузаронида мешаванд ва бояд техникаи бехатарӣ дар ин вақт риоя карда шавад»,-афзуд Розиқ Содиқов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, дар мактаби ҳамагонии №3 то ҳол бунгоҳи тиббӣ фаъол буда, ҳар нафаре ки аз вазъи саломатиаш шикоят мекунад, ба он ҷо расонида мешавад.
«Дар худи синфхонаҳои мактаб чанд рӯз аст, ки корҳои поккунӣ гузаронида шуда истодаанд. Саломатии ҳамаи кӯдакон дар ҳоли ҳозир хуб мебошад ва ҳамаи хабарҳо танҳо иғво ва дурӯғи расонаҳо мебошанд»,-таъкид кард Р.Содиқов.
Директори Маркази ҷумҳуриявии дезинфексия ва профилактикаи кишвар Сармуртазо Саидҷаъфаров гуфт, ки корҳои беҳдоштиву безарракунӣ ҳар моҳ дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо гузаронида мешаванд.
«Аслан корҳои безараркунӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои томактабию мактабӣ рӯзҳои истироҳат гузаронида мешаванд. Пас аз безараркунӣ, танҳо бояд дару тирезаи ҳуҷраҳои поккардашударо ба муддати 3 соат кушода монӣ ва ҳуҷраҳо бояд бо латтаи нам пок карда шаванд. Он гоҳ он ба саломатӣ ягон хавф надорад»,- гуфт С.Саидҷаъфаров. Бино ба гуфтаи мусоҳиб, ҳамаи корҳои беҳдоштӣ дар мувофиқа бо сардорони муассисаҳо гузаронида мешавад.
«Мутасаддиёни мактаби ноҳияи Ш.Шоҳин пеш аз безараркунӣ огоҳонида шуда буданд. Ин ҷо қоидаи бехатарӣ риоя нашуда, синфҳо бо латтаи нам тоза карда нашудаанд»,-афзуд С. Саидҷаъфаров.
Бино ба гуфтаи кормандони маориф, тамоми ташхису табобат ройгон гузаронида шудааст ва падару модарон барои нақлиёт ва ё табобату ташхис маблағ сарф накардаанд.
Дар айни замон кормандони прокуратура дар мактаб тафтиш бурда истодаанд. Пас аз баровардани хулоса нисбат ба нафарони гунаҳгор тадбирҳои маъмурӣ андешида мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 27 май вазъи саломатии 52 хонандаи мактаби ҳамагонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон якбора бад шуда, ҳамаи онҳо ба маркази саломатии Хоҷағалтон ва баъдан ба беморхонаи марказии ноҳияи мазкур расонида шуданд.
Н.Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита ба ин ҳодиса иброз дошта буд, ки як рӯз пеш дар ҳудуди мактаб корҳои беҳдоштию безараркунӣ гузаронида шуда буданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои безараркунӣ аз тарафи масъулин ягон хел қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод нашудаанд. Аз ҳамин сабаб 52 хонанда бо нишонаҳои дарди сар, қайкунӣ ва беҳолӣ ба муассисаҳои табобатӣ муроҷиат намуда буданд.
Лайло Қосимова








ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






