Рӯзноманигори шинохта Шарифи Мисайзод аз олам даргузашт
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шарифи Мисайзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз дар 50-солагӣ аз олам даргузашт. Тӯли чанд соли охир ӯро бемории қалб азият медод, вале тавре ҳамкорон ва дӯстонаш мегӯянд, ҳатто як рӯз ҳам фаъолияти эҷодии худро қатъ накардааст.
Фаъолияти рӯзноманигории Шарифи Мисайзод ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шуруъ гардида, ӯ аввал дар идораи «Ахбор» ва баъдан дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ аз муҳаррирони масъули барномаи «Хоки Ватан» низ дониста мешавад.
Бо ташкил гардидани Радиои «Садои Душанбе» 18 январи соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолияти рӯзноманигории худро дар ҳамин радио идома додааст.
Шарифи Мисайзод аз зумраи аввалин рӯзноманигоронест, ки гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни воқеаву рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон пешниҳоди шунавандагон гардонида, як мактаби бузургеро дар шакли нави гузоришҳо роҳандозӣ намудааст. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, ҳамчунин ӯ бо тахаллуси Шайдо шеър мегуфт.
Шарифи Мисайзод на танҳо иштирокчии чандин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ, балки сазовори мақомҳои аввал ва ифтихорӣ низ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2014 дар озмуни «Ҷило-2014» ҷоизаи ин озмунро дар номгӯи «Беҳтарин радиожурналисти сол» ба даст овардааст.
Ӯ ҳамчунин дорандаи унвони «Аълочии матбуот», «Аълочии телевизион ва радио» ва узви ИЖТ мебошад.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






