Раванди бақайдгирии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 июни соли равон бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии сайёр дар мавзӯи «Санҷиш ва бақайдгирии санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон» доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Хатлон, дар кори ҷаласа мудирони шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, сармутахассис- ҳуқуқшиносон ва роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Иштирокдорони семинар оид ба санҷиш ва бақайдгирии санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таҳлили муқоисавии санадҳои меъёрию ҳуқуқии хусусияти ҳатмидоштаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Хатлон маърӯза намуда, тартиби бақайгирии санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар сатҳи маҳал шарҳ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






