Раёсати кумитаи замини ВМКБ ва ду муассисаи дигари давлатӣ ба бинои нав мекӯчанд
Хоруғ, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди навсозии бинои бахши вилоятии «Тоҷикматлубот» дар ВМКБ боз барои чанд муассисаи давлатӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Сардори ҶДММ «Хизматгор» Амонбек Мамадризобеков гуфт, ки корро аз аввали моҳи маи соли равон оғоз намудем ва дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонем. Ин бино дар аввали солҳои 70-ум бунёд шудааст. Агарчӣ масоҳати зиёди заминро ишғол мекунад, аммо чанд утоқи хурди торик дораду бештари масоҳати он барои истифода корношоям аст. Мо комилан тарҳи биноро тағйир дода, ба меъёрҳои муосири меъморӣ мутобиқ сохтем ва шумораи утоқҳои кориро ба 16 адад расондем. Акнун дар ин ҷо ба ҷуз Раёсати заминсозии вилоят, ҳамчунин боз се идораи дигар бо шумули корхонаи бақайдгирии молу манқули вилоят, аэрогеодезияи вилоят бо теъдоди бештар аз 70 нафар фаъолият хоҳанд кард.
Сардори ин ширкати сохтмонӣ гуфт, ки то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ бино барои фаъолият комилан омода мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






