Рушди бесобиқаи соҳаи энергетика дар Бадахшон
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ВМКБ 203 зеристгоҳи барқӣ ва 270 км хаттҳои интиқоли неруи барқ ба истифода дода шудаанд.
Мувофиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020», ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат соли 2009 қабул гардид, сохтмони 16 НБО-и хурд дар ҳудуди ВМКБ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки соли 1995 навбати якуми НБО Помир-1 ба истифода дода шуда, неругоҳи барқи обии Андарбак соли 1999 бунёд гардид, ки он водии Ванҷро мунаввар сохт.
Бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат неругоҳҳои хурди барқи обии Ширг-1 бо иқтидори 1260 кВт, Ширг-2 бо иқтидори 550 кВт, НБО-и хурди деҳаи Гушуни ноҳияи Дарвоз, НБО-ҳои деҳаи Бардараи деҳоти Басид бо иқтидори 160 кВт ва Чадуд бо иқтидори 35 кВт дар ноҳияи Рӯшон ба анҷом расонида шудаанд. Пешбинӣ шудааст, ки неругоҳҳои барқи обии Чарсем, Андарстез, Пастхуф-1, Паткуноб, Ширг низ бунёд шуда, барои хизматрасонӣ ба сокинони вилоят супорида шаванд. Ҳамчунин бо маблағҳои грантии кишвари Олмон дар ҳаҷми 5 млн. евро корҳои лоиҳакашӣ ва навсозии НБО-и Оқсу ба анҷом расиданд.
Умуман дар даврони истиқлолият соҳаи энегетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври бесобиқа рушд ёфта, барои ба таври васеъ истифода бурдани захираҳои обӣ-барқии он заминаҳои мусоиди иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шуданд.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






