Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди меҳнати кўдак: «Барҳам додани меҳнати кўдак дар таҳвили молрасонӣ вазифаи ҳар яки мост»
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди меҳнати кўдак ҷаласаи навбатии Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ дар мавзўи «Барҳам додани меҳнати кўдак дар таҳвили молрасонӣ вазифаи ҳар яки мост» доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 12 июнро аз соли 2002 инҷониб Рӯзи байналмилалии мубориза бо меҳнати кўдак эълон намудааст. Дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои оммавӣ ташкил гардида, диққати корфармоён ва ҷомеа ба манъ кардани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак ҷалб карда мешавад.
Дар чорабинии мазкур аъзои Шўро намояндагони шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндаи сафоратхонаи Ҷумҳурии федералии Олмон ширкат намуданд.
Шўрои байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон тасмим гирифт, ки минбаъд низ ҳамоҳангозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоиро ҷиҳати татбиқи «Нақшаи амал оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» тақвият бахшад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






