Санаи Иди Рамазон фардо муайян мегардад

Июнь 28, 2016 16:32

Душанбе, 28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи иди Рамазон фардо дар ҷаласаи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ муайян карда мешавад,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламо дар радифи муайян намудани санаи иди Рамазон, инчунин дигар масъалаҳо низ баррасӣ мегарданд.
Моҳи шарифи Рамазон аз 30 рӯз иборат буда, даҳ рӯзи аввали ин моҳи муборак раҳмат, даҳ рӯзи мобайнаш мағфират ва даҳ рӯзи охираш раҳоӣ аз оташи дӯзах аст. Дар моҳи  шарифи Рамазон  аз ҷониби Парвардигор Қуръони азимушшаън нозил гардидааст. Дар ин моҳ мусулмонони ҷаҳон  рӯза медоранд, ибодат мекунанд, хатми Қуръони маҷид намуда, даст ба дуо мебардоранд, ба ниёзмандон ва барҷомондагон кумак  мерасонанд.
Соли равон мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Инчунин садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.

Июнь 28, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад