Ғайрат Сангинзода, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе: «Нусрати дасти фишурда зинда бод!»

Июнь 14, 2016 15:34

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ваҳдат барои халқи тоҷик аз арзишҳои муқаддас ва муҳим мебошад. Он дар радифи калимаҳои Истиқлолият, Ватан, Модар, Сулҳ муқаддас аст ва он ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки 27 июни соли 1997 дар толори  Георгиевии Кремли шаҳри Маскав дар ҳузури Президенти Федератсияи Русия Борис Елтсин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем ҳуҷҷати сулҳ ба имзо расид ва он барои тоҷикистониён зиндагии навро оғоз бахшид. Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон 9 ҳуҷҷати зеринро дарбар мегирифт: 1. Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995. 2. Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик оид ба ҷамъбасти вохӯрии онҳо дар Маскав аз 23 декабри соли 1996. 3. Протокол «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», ки 26 декабри соли 1996 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст. 4. Низомномаи «Комиссияи оштии миллӣ, ки 21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расидааст. 5. Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ», ки 21 феврали соли 1997 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст. 6. Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо, 13 январи соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда дар Теҳрон ба имзо  расидааст. 7. Протоколи масъалаҳои низомӣ, ки  8 марти соли 1997 аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда дар Маскав ба имзо расидааст. 8. Протокол оид ба масълаҳои сиёсӣ, ки 18 майи соли 1997 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст. 9. Протокол «Дар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон, ки 28 майи соли 1997 дар Теҳрон аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои музокиракунанда ба имзо расидааст.
Суди Исмоили СомониҲаёт дуруст будани роҳи ваҳдатро исбот кард, зеро дар натиҷа сохторҳои давлатӣ эҳё гашта, зиёда аз як миллион гурезагон ба Ватан баргаштанд ва муҳимаш ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, пеши роҳи хатари аз байн рафтани давлати тоҷик ва пароканда шудани миллати тоҷик гирифта шуд. Ваҳдат бо вожаҳои «якдилию ҳамзабонӣ» ҳаммаъност. Ваҳдат пайвандгари имрӯзу фардост. Бе ваҳдати миллӣ ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он номумкин буд. Матонату қаҳрамонии ҳазорҳо нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаромӯшнашуданист. Ин ҳама якҷоя ва ақлу хиради мардуми меҳнатдӯсти кишвар боис гашт, ки дар мамлакат фазои сулҳу дӯстӣ ҳукмфармо гардад. Мақомоти судии кишвар шурӯъ аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии мамлакат, дар таъмини адолати судӣ, иҷтимоӣ, пойдорӣ, устуворӣ ва бардавомии давлат  ҳамчун шохаи мустақил баҳри ба даст овардани волотарин арзиш-Ваҳдати миллӣ  диққати махсус дода, дар ин росто саҳми назаррас доранд. Барои таъмин кардани мустақилияти судҳо ва хуб ба роҳ мондани кори онҳо, оғоз аз соли 1991 бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон  корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қонун бояд ҷавобгӯи давру замон бошад, вагарна он адолатро таъмин накарда, сабаби пеш омадани нофаҳмиҳо мегардад. Маҳз бо ин сабаб давоми чанд соли охир як қатор қонунҳо дар таҳрири нав қабул гардиданд ва ин раванд идома дорад. Ҳоло «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2015-2017» қабул гардидааст. Он идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст. Мақсади асосии барнома ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияу адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.  Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судии кишвар низ дигаргуниҳои куллӣ пеш омаданд. Аз ҷумла, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақил барҳам дода шуда, тартиби ба вазифа таъйин ва озод намудани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад, синни ба нафақа баромадани судяҳо низ дар асоси ин қонун муқаррар мегардад. Тибқи ин тағйиру иловаҳо ҳангоми ба вазифаи судягӣ таъйин шудан доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Мақомоти судии кишвар баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар, адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, манфиати давлат ва ташкилоту корхонаҳо саҳми босазо доранд. Воқеан ободии диёр ва зиндагии осудаву ороми мардуми  азизамон аз Истиқлолияту Ваҳдат аст ва ба гуфти шоир Низом Қосим:

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.
Ҳосили ҳамдасту ҳампоӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Июнь 14, 2016 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт