Сатҳи таваррум дар моҳи май 0,2 фоиз коҳиш ёфт

Июнь 14, 2016 09:38

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳи майи соли равон сатҳи таваррум раванди коҳишёбӣ дошта, ба 0,2 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,2 банди фоизӣ ва моҳи майи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Мутобиқи мониторинги Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон арзоншавии нархи картошка, пиёз, карам, гӯшти гӯсфанд, гӯшти мурғ, шир, помидор, бодиринг, семент ва гази моеъ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон дар давоми моҳи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ болоравии нархи миёнаи маҳсулоти полезӣ, биринҷ, нахӯд, мош ва маҳсулоти дорои хусусияти мавсимӣ, аз ҷумла сабзӣ, себ, нок, ангур, тухм ва шакар мушоҳида гардид.
Дар моҳҳои январ  майи соли равон нишондиҳандаи мазкур 2,7 фоизро ташкил дод, ки он аз ҳисоби саҳми нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 1,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз ҳосил гардид.
Таварруми солона дар моҳи майи соли 2016 дар сатҳи 5,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ паст мебошад.
Ба раванди мазкур дар баробари татбиқи сиёсати мутавозуни монетарию макроиқтисодӣ, пешниҳоди муътадили молу маҳсулот, бахусус зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (сабзавот ва меваҷот), инчунин сатҳи нисбатан пасттари даромадҳои иловагӣ ва талаботи истеъмолии аҳолӣ таъсир расонид.

Июнь 14, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид