Шӯҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид
Душанбе, 06.056.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6-уми июни соли равон Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад оҳангсози шинохтаи тоҷик Шӯҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, тарбияи кадрҳои ҷавони оҳангсозу мусиқишиносон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқро баррасӣ намуданд.
Пас аз интихоб шудан ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, композитор Шӯҳрат Ашурови 54-сола ба журналистон гуфт, ки ният дорад барои композиторони ҷавон мактаби махсус ташкил кунад. «Мактаб барои истеъдодҳои наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кушода хоҳад шуд. Ба ин васила, мо азм дорем, ки насли ҷавони композиторонро ба воя расонем», — тазаккур дод ӯ.
Композитор Шӯҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, композиторони маъруф, ба мисли Ёқуб Сабзанов, Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар омӯзишгоҳи мусиқавии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский, дар синфи К. Баташов таҳсил намудааст. Соли 2001 Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То интихоб шудан ба раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекард.








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






