Ширкати «Агро-союз»-и Челябинск пайваста ҳамватанонро дастгирӣ мекунад

Июнь 17, 2016 16:08

Душанбе, 17.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ба  ширкати «Агро-союз», ки  дар вилояти Челябински ФР фаъолият дорад, ҷавонмарди ватандӯсту хештаншиноси тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадов  сарварӣ мекунад ва дар он садҳо ҳамватанонамон бо ҷои кору маошу шароити хуби корӣ таъмин мебошанд.  Ривоҷиддин Маҳмадов аз зумраи соҳибкорони муваффақи тоҷикест, ки асосан ба воридоти меваю сабзавоти Тоҷикистони офтобӣ ба бозорҳои минтақаи Урал ва Сибир машғул мебошанд ва ин амал дар самти болоравии сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷи боғу токпарварӣ дар кишвар аз аҳамият холӣ нест.
Бо дастгирии Р.Маҳмадов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ синфхонаҳо сохта шуда, пайваста ба мактаб-интернати ятимону бепарасторони ноҳия ва оилаҳои ниёзманд кумакҳои хайриявӣ расонида мешаванд.

Садбарг Боқиева, Челябинск, ФР.

Июнь 17, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд