Симпозиуми байналмилалӣ оид ба усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ KSCMBS-2016
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24-28-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалӣ оид ба усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ KSCMBS-2016 баргузор мешавад.
Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ хабар доданд, дар Симпозиум масъалаҳои таҳқиқоти усулҳо ва самтҳои тадқиқоти компютерии моделиронии молекулавӣ, усулҳои молекулавӣ-динамикӣ (МД) ва Монте-Карло (МК), моделиронии молекулаҳои биологӣ (РНК, ДНК, сафедаҳо ва ферментҳо бо гузаришҳои мутатсионӣ, физикаи радиатсионӣ, таъсироти радиатсия ба биосфера, физикаи ҷисмҳои сахт, системаҳои физикӣ ва биокимиёвӣ (газҳо, кристаллҳо, моеъҳо, полимерҳо, био-трибология), истеҳсоли мавод ва зебоисозӣ (дизайн) тайёркунии доруҳо дар тиб (пайвасткунии як молекула ба дигараш, таъсири манъкунандаи ферментҳо), ҳисобкунии компютерии физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва тиббӣ, динамикаи молекулавии ба таври графикӣ босуръат ҳисобкунӣ ва техникаи бо он алоқаманд матраҳ мегарданд.
Гуфта мешавад, ки комиссияи тадорукоти байналмилалӣ дар ҳайати Анвар Мақсудов (ректор, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷумҳурии Тоҷикистон); Холмирзо Холмуродов (шаҳри Дубна, Федератсияи Русия); Юко Окамото (Донишгоҳи Нагоя, Нагоя-Анчи, Япония); Роман Ефремов (шаҳри Маскав, Федератсияи Русия); Томоюки Ямамото (Донишгоҳи Васеда, Шинджуку — Токио,Япония); Кенджи Ясуока (Донишгоҳи Кейо. Йокохама- Канагава, Япония) ташкил гардидааст.
15 июн ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот баргузор гардид ва масъулин ҷиҳати пеш бурдани уҳдадориҳои хеш бори дигар муваззаф гардиданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






