Сиёсати далатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт

Июнь 10, 2016 14:31

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳари Душанбе  бо иштироки як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар  бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ватандӯстӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ суҳбат доир гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидшуда мавриди муҳокимаи масъулин қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Асусгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишвар  ба масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхориҳои хосса зоҳир  намуда, мавқеи ҷавононро ҳамчун қувваи бузург ва пешбаранда дар татбиқи сиёсату ҳадафҳои созандаи мамлакат арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯро  дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, ки ба наздикӣ дар назар дошта шудааст, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал мусоидат менамоянд.
Бо мақсади татбиқи Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои илмию таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии онҳо  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он  Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон имрӯз фаъолият доранд.

Июнь 10, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад