СММ минбаъд ҳам мавқеи фаъоли Тоҷикистонро оид ба захираҳои об дастгирӣ менамояд

Июнь 15, 2016 16:59

Душанбе, 15.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. «Созмони Миллали Муттаҳид тасмим гирифтааст, ки минбаъд нигоҳ доштани мавқеи фаъоли Тоҷикистонро оид ба захираҳои об дастгирӣ намояд». Пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимӣ, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни  брифинг чунин изҳори назар кард.
Зуев зикр кард, ки ин охирин мулоқоти ӯ бо Сарвари давлат дар робита ба поёни муҳлати ваколаташ дар ин вазифа буд ва ӯ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  дар Ню-Йорк ба кори дигар мегузарад.
«Ман дар шаҳри Душанбе 5 солу 3 моҳ кор кардам   ва албатта, дар ин муддат аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дидан кардам. Дар ин солҳо дар кишвар тағйироти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омаданд. Ман шодам, ки СММ на танҳо ба сулҳу амонӣ, балки ҳамчунин ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар давоми ин солҳо мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иншооти иҷтимоӣ, ба монанди беморхонаҳои сил, озмоишгоҳҳои  биологӣ, мактабҳо ва корхонаҳои обёриро супоридем», — зикр кард  А. Зуев ва илова намуд, ки  ин барнома дар Тоҷикистон барои СММ на танҳо афзалиятнок, балки калонтарин дар минтақа ва берун аз он боқӣ мемонад.
Бино ба гуфтаи намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барномаи ҳамкории панҷсола тавассути Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид, ки ҷудо кардани 383 миллион доллари ИМА-ро  ба Тоҷикистон барои кумаки техникии башардӯстона дар назар дорад.
«Соли гузашта, вақте ки мо як барномаи монандро анҷом додем, ҳисоб карда баромадем, ки дар панҷ соли охир мо аз он чизе, ки  ваъда карда будем, 20% зиёдтар анҷом додем».

Июнь 15, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад