«Сомон» муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон пуршиддат мекунад

Июнь 10, 2016 09:30

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Сомон»-и ноҳияи Данғара -намояндаи Лигаи дуввуми Чемпионати Тоҷикистон  дар бозии аввали мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо «Помир»-и Душанбе, ки дар Лигаи аввал бозӣ мекунад, вохӯрӣ анҷом дод. Зӯрозмоии дастаҳо ниҳоят пуршиддат гузашта, бо натиҷаи 3:2 бо ғолибияти соҳибони майдон-«Помир» интиҳо ёфт.
«Сомон», ки бори аввал дар мубориза барои Ҷоми кишвар мубориза мебарад,  намехост бо натиҷаи калон мағлуб шавад, зеро барои ба даври дигар гузаштан дастаи ғолиб аз натиҷаи ду бозӣ муайян карда мешавад.  Кӯшишу ғайрати «сомониҳо» имкон дод, ки бо ду голи дар сафар задаашон барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтан умед банданд.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ  Фурқат Холбобоев, 23 (0:1), Шаҳром Самиев, 48 (1:1),. Тоҳир Малодустов, 62 (2:1), Бахтовар Наҷмиддинов, 72 (2:2) ва Далер Ёдгоров, 81 (3:2) ба ҳадаф расониданд.
Бозии ҷавобии дастаҳои «Сомон» ва «Помир» 14 июн дар Варзишгоҳи марказии Данғара баргузор хоҳад шуд.

Июнь 10, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд