«Сомон» муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон пуршиддат мекунад
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Сомон»-и ноҳияи Данғара -намояндаи Лигаи дуввуми Чемпионати Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо «Помир»-и Душанбе, ки дар Лигаи аввал бозӣ мекунад, вохӯрӣ анҷом дод. Зӯрозмоии дастаҳо ниҳоят пуршиддат гузашта, бо натиҷаи 3:2 бо ғолибияти соҳибони майдон-«Помир» интиҳо ёфт.
«Сомон», ки бори аввал дар мубориза барои Ҷоми кишвар мубориза мебарад, намехост бо натиҷаи калон мағлуб шавад, зеро барои ба даври дигар гузаштан дастаи ғолиб аз натиҷаи ду бозӣ муайян карда мешавад. Кӯшишу ғайрати «сомониҳо» имкон дод, ки бо ду голи дар сафар задаашон барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтан умед банданд.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Фурқат Холбобоев, 23 (0:1), Шаҳром Самиев, 48 (1:1),. Тоҳир Малодустов, 62 (2:1), Бахтовар Наҷмиддинов, 72 (2:2) ва Далер Ёдгоров, 81 (3:2) ба ҳадаф расониданд.
Бозии ҷавобии дастаҳои «Сомон» ва «Помир» 14 июн дар Варзишгоҳи марказии Данғара баргузор хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






