Суғд: фарогирии 150 кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи «Парвоз»
Хуҷанд, 23.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз истироҳатгоҳҳои овозадори бачагонаи вилояти Суғд- «Парвоз» низ ба фаъолият оғоз намуд. Дирӯз басти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон бо фарогирии 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор дарҳои худро боз намуд. Ба иттилои маъулини раёсати маорифи вилояти Суғд, кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз», ки дар он намояндагон аз мақомот ва шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд ширкат доштанд, аз қабули муждаи сардорони дастаҳо ва хониши Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи рангину хотирмон намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд омоданамоии истироҳатгоҳ ва ҳамзамон таъмини иштирокдорон бо маводи ғизоӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳамчунин чор хобгоҳи истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, деворҳои он бо ҳама гуна овезаҳову гуфторҳо, расмҳои кашидаву гулҳои дастисохт ороиш дода шуда, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи оббозӣ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, саҳнаи истироҳатгоҳ ва ҳавзи оббозӣ дар сатҳи хуб омода гаштаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






