Суғд: Ҳунармандоне, ки дар тан либосҳои қаҳрамонҳои афсонавиро доштанд, ба кӯдакон завқи дучанд бахшиданд

Июнь 1, 2016 14:51

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ҳузури беш аз 3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии бузурги идона баргузор шуд.
Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба як идҷойи воқеӣ табдил ёфт ва нишоту шодмонии кӯдаконро ҳадду канор набуд. Тамошои намоиши ҳунармандоне, ки дар тан либосҳои қаҳрамонҳои афсонавиро доштанд, барои кӯдакон завқи дучанд мебахшид ва онҳо суруру шодмонияшонро бо хандаҳои беғаши хеш баён месохтанд. Дар Маҷмаа гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят ба намоиш гузошта шуд, ки кӯдакону наврасон аз тамошобинони асосии чунин гӯшаҳо буданд.
Дар ин рӯз ба ҳамаи кӯдакон, яъне ба беш аз 3 ҳазор иштирокчии чорабинии идона нӯшокиҳои ташнашикан ва яхмосу шириниҳои гуногун ба таври ройгон пешниҳод карда шуд. Барои кӯдакону наврасон инчунин оши палав омода гардида буд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас диққати махсус зоҳир гардида, ҳамасола дар саросари кишвар теъдоди зиёди мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ ба истифода дода мешавад.
Дар чорабинӣ аз ҷониби истеъдодҳои ҷавони вилоят барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд ва фазои шаҳри бостонӣ пур аз танини суруду мусиқии тоҷикӣ гардид.

Июнь 1, 2016 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд