Сухан бузургтарин силоҳ дар роҳи ҳифзи ваҳдат аст

Июнь 20, 2016 14:39

Хоруғ, 20.06.2016 /АМИТ  «Ховар» /.  Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хоруғ мулоқоти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва хонандагони макотиби шаҳр бо аъзои Иттифоқи нависандагони ҶТ  Хушомади Алидод, Алидод Чароғабдол ва Лутфишои Додо баргузор шуд.
-Ҳарчанд перомуни рӯзи ваҳдати таърихии тоҷикон ҳам шоирону олимон, сиёсатмадорону таърихшиносни ватанию хориҷӣ маводи зиёдро ба нашр расондаанд, аммо боз ҳам ин мавзӯъ ба таҳқиқу пажӯҳиш ниёз дорад,-баён дошт Хушомади Алидод. Шоирони бузурги мо ба мисли Рудакӣ, Саъдӣ, Румӣ, Фирдавсӣ, Саноӣ ҳамеша дар ашъори худ аз дӯстию ҳамгироӣ, ваҳдату иттиҳоди инсонҳо сухан мекарданд. Дар ҳавзаи адабии чӣ Шарқу чӣ Ғарб дар бозкушоии мафҳуми вожаи ваҳдату тавҳид адибони форсу тоҷик нақши муассир доранд. Рӯи бинои дафтари СММ сабт кардани чаҳор мисраи Саъдии Шерозӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шоирони мо аз азал инсондӯсту сулҳхоҳ будаанд.
Шоири ҷавон аз иштирокдорони мулоқот даъват намуд, ки аз китоб дар канор намонанд ва мудом  осори гузаштагони худро мутолиа кунанд. Донистани таърих ва адабиёти гузаштаву муосир аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар зиндагӣ ба хатову иштибоҳҳот роҳ надиҳем. Ҳар қадар инсон аз таърих ва адабиёти халқи худ огоҳ гардад, ҳамон қадар арзишҳои миллӣ ва расму суннатҳои мардумӣ дар ниҳодаш таҳким меёбанд ва дигар ҳеҷ касе ё ниҳоде қудрат надорад ӯро аз чаҳорчӯби фарҳанги миллӣ берун кунад. Яке аз ҳадафҳои гирди ин миз ҷамъ омадани мо низ ҳамин аст, ки дар миёни дӯсту душмани худ фарқ гузошта тавонем.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба аҳли адаб таъкид менамояд, ки: «Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими Ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем».
Шоирон баъди посух ба суолҳои иштирокдорони мулоқот шеърҳои дар васфи ваҳдат ва меҳану миллат эҷоднамудаи худро қироат карданд.

Июнь 20, 2016 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд