Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 23 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намоянд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.
Тибқи барномаи пешбинигардида, рӯзи якуми форум бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон оғоз гардида, инчунин имконоти иқтисодию сармоягузории минтақа муаррифӣ карда мешаванд.
Дар доираи форум баргузории се панели соҳавӣ дар мавзуъҳои зерин: «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ», «Соҳаи саноат – омили асосии рушди иқтисодиёт ва заминаи мусоид барои сармоягузорон» ва «Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика» пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар ҳамоиш масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин дар доираи форум мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B (бизнес бо бизнес) ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.
Дар рӯзи дуюми форум- 23 октябр иштирокчиён тибқи барнома ба шаҳри Норак сафар намуда, дар Фестивали «Анор» иштирок мекунанд. Ҳамчунин бо дархости меҳмонон боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» пешбинӣ гардидааст.
Интизор меравад, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест–2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон ва амалӣ намуданӣ ҳамкории нави судманд заминаи мустаҳкам мегузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






