Тағйирот ба Кодекси гумрук: ҳадаф аз байн бурдани номувофиқатӣ
Душанбе, 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кард, ки ҳадафи он аз байн бурдани номувофиқатии байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати зимни ташреҳи масъалаи макур дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат гуфт, ки тибқи моддаҳои 5 ва 19 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои такмилдиҳӣ, коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда, бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода бурда мешаванд. Аммо Кодекси гумруки кишвар содироти молҳоеро, ки дар натиҷаи амалиёти коркард дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсол шудаанд, пешбинӣ накардааст. Аз ин рӯ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук аз байн бардоштани номувофиқатӣ байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар иртибот ба ин, дар қисми чоруми моддаи 266-и Кодекси гумруки кишвар пеш аз калимаи «рэкспорт» калимаи «содирот» илова карда мешавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд, ки дар амал татбиқ намудани меъёри мазкур шароит фароҳам меорад, ки шахсони дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолиятдошта, имкон доранд молҳои коркарднамудаи худро барои муомилоти озод бароранд ва ё содирот намоянд, ки он барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва зиёд намудани гардиши савдои хориҷии кишвар мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ -«Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд.
Ҳамзамон сардори Хадамоти гумруки кишвар зикр кард, ки тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки кишвар матни Кодекси гумрук ба меъёри забони давлатӣ мутобиқ гардонида мешавад, зеро дар 21 моддаи Кодекси гумрук то ҳанӯз калимаҳои «ставка», «ставкаи» ва «ставкаҳои» истифода бурда мешаванд, ки онҳо ба калимаҳои «меъёр», «меъёри» ва «меъёрҳои» иваз карда мешаванд.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






