Тағйирот ба Кодекси гумрук: ҳадаф аз байн бурдани номувофиқатӣ

Июнь 23, 2016 16:52

        Душанбе, 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон ба  Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо  ворид кард, ки ҳадафи он  аз байн бурдани номувофиқатии байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати зимни ташреҳи масъалаи макур дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат гуфт, ки тибқи моддаҳои 5 ва 19 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои такмилдиҳӣ, коркард,  ба навъҳо ҷудокунӣ борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории  молҳои ба минтақа воридшаванда,  бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода бурда мешаванд.  Аммо  Кодекси гумруки кишвар содироти молҳоеро, ки дар натиҷаи амалиёти  коркард дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсол шудаанд, пешбинӣ накардааст. Аз ин рӯ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук аз байн бардоштани номувофиқатӣ байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар иртибот ба ин, дар қисми чоруми моддаи 266-и  Кодекси гумруки кишвар   пеш аз калимаи «рэкспорт» калимаи «содирот» илова карда мешавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд,  ки дар амал татбиқ намудани меъёри мазкур шароит фароҳам меорад, ки шахсони дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолиятдошта,  имкон доранд молҳои коркарднамудаи худро барои муомилоти озод бароранд ва ё содирот намоянд, ки  он барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ,  афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва зиёд намудани гардиши савдои хориҷии кишвар мусоидат менамояд.  Бояд тазаккур дод, ки  алҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ -«Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд.
Ҳамзамон сардори Хадамоти гумруки кишвар зикр кард, ки тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси  гумруки кишвар матни Кодекси гумрук ба меъёри забони давлатӣ мутобиқ гардонида мешавад, зеро  дар 21 моддаи Кодекси гумрук то ҳанӯз калимаҳои «ставка», «ставкаи» ва «ставкаҳои» истифода бурда мешаванд, ки онҳо  ба калимаҳои «меъёр», «меъёри» ва «меъёрҳои» иваз карда мешаванд.

Июнь 23, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад