Тафсири сиёсати энергетикии Пешвои миллат
Душанбе,11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80- солагии ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика» китоби энергетики касбӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Назарзода бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд.
«Хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари сулҳофариниву ваҳдатсозӣ, инчунин ҳамчун муаллиф ва ҳидоятбахши барномаҳое, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар боис гардидаанд ва мегарданд, хеле дурандешона ва манфиатбахшанд. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика низ»,- омадааст дар муқаддимаи китоб.
Аз ин рў, муаллиф дар пеши худ вазифа мегузорад, ки бобати сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҳам ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар мусоидат менамояд, чанд нуктаро таъкид намояд.
Дар китоб талошҳои Сарвари давлат бобати қатъ нагардидани корҳо дар бунёди Неругоҳи «Помир-1» ва новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва барои ҳаёти шахсии ў хатарнок шахсан дар ифтитоҳи расмии ба кор оғоз намудани навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 000 кВт, ки 26 марти соли 1994 баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намудани Эмомалӣ Раҳмон, гуфтушунидҳо бобати бунёди неругоҳҳои «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2», таҷдиди неругоҳи асосии кишвар НБО-и Норак ва дигар паҳлўҳои ривоҷи соҳа дар солҳои истиқлолият сухан меравад. Дар баробари ин расмҳои Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти энергетикӣ дар китоб чоп шудаанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки нашри ин китоб бо теъдоди 2000 нусха туҳфаи хубест ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва аз он мутахассисон соҳа, таърихнигорон ва донишҷўён метавонанд маълумоти зиёде дастрас намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






