Таъйини ҷазо барои суиқасд дар иштироки амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати дигар

Июнь 7, 2016 17:12

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Шайхов Аҳлиддин Файзиддинович, соли таваллудаш  1985,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод, кӯчаи Спитамен №34, хонаи №2 бо айбдорӣ аз рӯи  моддаҳои 32, қисми 3 — 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ намуд.
Суд  муайян  намуд, ки  А. Шайхов соли 2011 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ  ба Федератсияи Русия  сафар карда,  ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба шаҳрванди Тоҷикистон Қиёмиддин Рузалиев ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Доғистон бо номи Муҳаммад вохӯрда, бо таклифи онҳо тахминан моҳи сентябри соли 2015  дар шабакаи интернетии Зелло барномаи «Роҳнамо ба сӯи «Давлати исломӣ»- ро гӯш намуда, даъвати онҳоро барои  шомил шудан  ба гурӯҳи экстремистӣ-террористии  ба ном «Давлати исломӣ» қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Ҳол он ки  бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2015 ташкилоти мазкур ҳамчун  ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шудааст.
Сипас  А. Шайхов  бо ҳамроҳии Қ. Рузалиев ва як шаҳрванди Федератсии Русия бо номи Салмон бо мақсади ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намудан моҳи сентябри соли 2015 тавассути тайёра бо хатсайри Астрахан-Истанбул ба давлати Туркия парвоз намудаанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро як аъзои ин созмони террористӣ бо номи Аҳмад, миллаташ доғистонӣ пешвоз гирифта,  тахминан то нимаи аввали моҳи декабри соли 2015  дарсҳои ақидавӣ гузаронида, тахминан 20 декабри соли 2015 ба воситаи мошини мусофиркаш ба шаҳри Газиантепи давлати Туркия, ки бо Ҷумҳурии Сурияи Араб ҳамсарҳад мебошад, бурдааст, ки ҳангоми  убури сарҳад онҳоро кормандони милиса дастгир  намудаанд.
Судшаванда А. Шайхов дар мурофиаи судӣ худашро бо айби эълонкарда пурра гунаҳгор шуморида, тибқи талаботи моддаи 311 КМҶ ҶТ нишондодҳои дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ додаашро дастгирӣ карда, илова намуд, ки ў ба доми фиреби ҷинояткорон афтода, ба ин амал даст задааст ва аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад. Номбурда иброз намудааст, ки  дар Тоҷикистон модари танҳо дорад, ки ҷиянҳои аз марҳум хоҳараш мондаро тарбия карда истодааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъйин карда шавад.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Шайхов Аҳлиддин Файзиддинович бо моддаҳои 32, қисми 3-401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда бо дастрасии моддаи 15 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6  солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи  ислоҳии низомаш сахт таъйин гардид.

Июнь 7, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад