Теъдоди захмиёни бархӯрди қаиқҳо дар Таиланд ба 34 нафар расид

Июнь 9, 2016 10:19

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Таиланд бар асари бархӯрди 2 қаиқи сайёҳон 2 нафар ҳалок гардида, 34 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора волии музофоти Пхукет Чамрон Типпаяпонгтада хабар дод.
«Дар ҳар ду қаиқ 62 сайёҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Корея буданд. Ду сайёҳи чинӣ ҳалок гардида, 34 каси дигар маҷрӯҳ шуданд», — гуфт ӯ. Чанде пеш дар бораи 26 захмишуда иттилоъ дода буданд.
Ҳар ду қаиқ бо сайёҳон субҳи имрӯз Пхукетро тарк карда, ба самти ҷазираҳои миёни сайёҳон маъруф  Пханга ва Пхи-Пхи равона шуданд. Бино ба гузоришҳои пешакӣ, эҳтимол меравад бархӯрд бинобар сабаби номусоидии боду ҳаво дар баҳр сар зада бошад. Дар натиҷаи ин ҳодиса яке аз қаиқҳо ғарқ шудааст. Полис тафтишот бурда истодааст.
Ёдовар мешавем, тайи чанд рӯзи охир ин бори аввал нест, ки дар Таиланд қаиқҳо бо ҳам бармехӯранд. 5 июн дар ҷазираи Самет дар музофоти Районг 28 сайёҳ бар асари бархӯрди қаиқи онҳо бо киштии боркашон ҷароҳат бардоштанд.

Июнь 9, 2016 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст