Теъдоди захмиёни бархӯрди қаиқҳо дар Таиланд ба 34 нафар расид
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Таиланд бар асари бархӯрди 2 қаиқи сайёҳон 2 нафар ҳалок гардида, 34 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора волии музофоти Пхукет Чамрон Типпаяпонгтада хабар дод.
«Дар ҳар ду қаиқ 62 сайёҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Корея буданд. Ду сайёҳи чинӣ ҳалок гардида, 34 каси дигар маҷрӯҳ шуданд», — гуфт ӯ. Чанде пеш дар бораи 26 захмишуда иттилоъ дода буданд.
Ҳар ду қаиқ бо сайёҳон субҳи имрӯз Пхукетро тарк карда, ба самти ҷазираҳои миёни сайёҳон маъруф Пханга ва Пхи-Пхи равона шуданд. Бино ба гузоришҳои пешакӣ, эҳтимол меравад бархӯрд бинобар сабаби номусоидии боду ҳаво дар баҳр сар зада бошад. Дар натиҷаи ин ҳодиса яке аз қаиқҳо ғарқ шудааст. Полис тафтишот бурда истодааст.
Ёдовар мешавем, тайи чанд рӯзи охир ин бори аввал нест, ки дар Таиланд қаиқҳо бо ҳам бармехӯранд. 5 июн дар ҷазираи Самет дар музофоти Районг 28 сайёҳ бар асари бархӯрди қаиқи онҳо бо киштии боркашон ҷароҳат бардоштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






