Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароити беҳтарин барои кўдакон саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад

Июнь 1, 2016 08:15

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1-уми июн ба унвони Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шуд. Аммо баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун ба насли ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон  Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак амал мекунад, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд.
Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардида, қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои вобаста ба  кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва уҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт.
Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод.
Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ҳисобида мешавад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароити беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.

Июнь 1, 2016 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд