Тоҷикистон ва Ангола роҳҳои барқарор намудани робитаҳо ва рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд

Июнь 9, 2016 08:33

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ангола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Маскав) Жоаким Аугушто де Лемуш 8 июн вохӯрӣ намуд.
Зимни суҳбат роҳҳои барқарор намудани робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар арсаҳои барои ҳарду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳавасмандии мутақобила ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳошияи СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба изҳор гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бар зидди чолишҳои муосири амниятӣ табодули назар карданд.

Июнь 9, 2016 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих